Иди Наврӯз

Навруз Муборак
Бахор омад ба некрузи
Бичин гулхои наврузи
бипуш токии гулдузи
Бахори нав муборак бод
Соли нав, ки иди расмии мусалмонон нест ва аз тачлили он мамолики исломй низ чилавгарй намекунанд, нишонаи олии хубию покй ва иди сафову эҳёи табиат – Иди Навруз аст.
Навруз яке аз идхои кадимаи форсизабонон мебошад. Наврузро иди Чамшед хам мегуянд, зеро ин ид дар давраи Чамшед яъне подшохи сулолаи Пешдодиён пайдо шуда то ба замони мо омада расидааст
Наврӯз Иди баҳор ва Соли Нав. Ҷашни қадими ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо "Иди сари сол" низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқони пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.
Рӯзи 21 март дар Эрон, кишварҳои Осиёи Миёна ва Қавқоз ҷашн гирифта мешавад.
Навруз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар ин ид дехқонон ба киштукори саҳроӣ мебароянд. Яке аз рамзҳои асосии иди Наврӯз суманак мебошад. Дар васфи Наврӯз шоирону нависандагони барҷастаи мо шеърҳо эҷод кардаанд: азҷумла шоири барҷастаи тоҷик Мирзо Турсунзода чунин гуфтааст:
Баҳор омад садои булбул омад
Насими фораму бӯи гул омад
Либоси сабзро саҳро ба бар кард
Кулоҳи сап-сафед олу ба сар кард
Баҳор - яке аз фасҳои зеботарин дар Тоҷикистон. Яке аз Идҳои бар ин фасл ҷашн гирифта мешуда, Иди Наврӯз мебошад.
Баҳор яке аз фаслҳои зеботарини сол мебошад.Ин фаслро зиндашавии табиат арӯси сол меноманд.Дар ин фасл мо якчанд идҳоро пешвоз мегирем:аз ҷумла 8 Март Иди занон, 21 Март иди Наврӯз, 1 Апрел рӯзи ханда, 9 Май рӯзи Ғалаба ва ғайра. Дар васфи баҳор бисёр шоирону нависандагон шеърҳои зиёде гуфтаанд.Дар бораи баҳор шоири барҷастаи тоҷик Мирзо Турсунзода чунин гуфтааст:
Баҳор омад садои булбул омад
Насими фораму бӯи гул омад
Либоси сабзро саҳро ба бар кард
Кулоҳи сап сафед олу ба сар кард
Бахор яке аз фаслҳои зеботарини дунё башумор меравад.Дар баҳор тамоми гулҳо дарахтон яъне,ки тамоми растаниҳои рӯи замин мешукуфанд.Хатто ин фасл одамро низ мешукуфонад.Дар баҳор ҳама мисли гул шукуфон мегарданд.Дар тамоми дунё баҳорро фасли зеботарин ва фасли ризқу рӯзӣ низ меноманд.Дар давлати Тоҷикистон ин фаслро фасли пурфайз меноманд.Дар Тоҷикистон дар фасли баҳор якчанд идро пешвоз мегиранд.Яке аз ин идҳо иди Наврӯз,иди занон 8-уми март, ва 1-уми апрел рӯзи ханда.
